- чап
- [چپ]1. муқоб. рост, он тарафи бадан, ки дар он дил воқеъ аст; ясор (муқоб. ямин), майсара (муқоб. маймана); хоби зан чап аст а) киноя аз ғайривоқеӣ ва амалинашаванда будани хоҳишу майли ҷониби дигар (ба мусоҳиб дар гуфтугӯ мегӯянд); б) баръакс воқеъ гардидани ҳодиса ё воқеаи мавриди интизории касе; аз паҳлӯи чап офарида шудан киноя аз макру ҳила доштан ва фиребгар будан; чап аз рост надонистан а) тифли ноболиғ будан; б) ақлу тамиз надоштан, ҷоҳил ва бесавод будан; роҳ чап кардан киноя аз беэътиноӣ кардан, эътибор надодан, ташриф наовардан2. роҳи каҷи ғайримаъруф ва дуртар; роҳи чап3. с. равияе, ки нисбат ба ҳокимияти кишвар ё сиёсати давлатӣ мувофиқ нест ва тарафдори тағйироту таҳаввулоти куллӣ мебошад; чапу чилеб каҷу килеб, бетартибона; чап будан бо касе дар муносибати бад будан бо касе, бо касе носозгор будан; бо касе чап додан якбора ба тарафе гашта, аз ҳамла худро халос кардан; чап нигоҳ кардан а) яктарафа нигаристан; б) бад нигоҳ кардан, бад муносибат кардан; чап фаҳмидан нодуруст фаҳмидан, баръакс фаҳмидан; чап шудан а) номувофиқ шудан; б) дар муносибат бад шудан; ба чапу рост гардондан ба ҳар тараф бурдан, бо ғараз ё мақсади муайян рафти чизеро дигар кардан; бо дасти чап бархестан а) муваффақ нагаштан дар корҳо; б) кайфияти нохуш доштан; чашми (абрӯи) чап паридан боварест, ки тибқи он гӯё касро ногуворӣ дар пешаст4. касе, ки бо дасти чап бештару беҳтар кор мекунад, чапдаст, чаппадаст; чап-чап нигоҳ кардан а) тарсида-тарсида нигоҳ кардан; б) бад-бад нигоҳ кардан; в) пурмаънӣ нигаристан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.